Октябр 02, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти забоншиноси машҳури тоҷик

Забоншиноси машҳӯри тоҷик дар синни 87 солагӣ дори фониро видоъ гуфт .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Спутник , Мукаррама Қосимова-узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки наздик ба 60 сол устоди забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии ин кишвар буд , имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт.

 Вай дар муддати фаъолияти хеш дар ин донишгоҳ ҳамзамон бо тадриси забони тоҷикӣ чанд асари арзишманд навишта аст, ки бештар ба таҳқиқи матнҳои форсии гузашта ихтисос дошт. Аз ҷумлаи ин осор метавон ба “Матни классикӣ” ,”Насри соддаи форсӣ бар асоси Сиёсатнома , Қобуснома ва Сафарнома ,”Алифбои арабӣ ва қавоиди имлоии он дар забони тоҷикӣ” ва  “Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ” ишора кард .

 Беш аз 40 нафар аз забоншиносон аз ҷумла аз Ҷумҳӯрии исломии Эрон таҳти роҳнамоии ин донишманд рисолаҳои доктории хешро дифо кардаанд.

 Пайкари ишон пас аз намози ҷаноза дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

 

Барчасп