Октябр 04, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Таъсири коҳиши арзиши рубли русӣ бар иқтисоди Тоҷикистон

Коҳиши арзиши рубли русӣ дар ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон бар зиндагии хонаводаҳо ва иқтисоди ин кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, акнун ҳазор рубли русӣ дар баробари 129 то 131 сомонӣ муомила мешавад, ки қаблан ин рақами 150 сомонӣ буд.

Ба далели вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия акнун зиндагии хонаводаҳои тоҷикистонӣ низ бо афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозори дохилӣ, таҳти таъсири ин раванд қирор гирифтааст.

Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки коҳиши арзиши рубли русӣ, ки ношӣ аз афзоиши нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ ва густариш вируси куруно аст на танҳо дар зиндагии хонаводаҳои тоҷикистонӣ, балки бар рушди иқтисоди ин кишвар ва афзоиши касрии буҷа низ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Аз ин рӯ, барномаи рушди роҳбурдии иқтисоди Тоҷикистон, ки дар он давлат мулзам шуд то соли 2030 ҳудуди 118 миллиардоллар сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷазб кунад ба назар ғайриқобили иҷро аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки марказии Русия эълом кард, коргарони муҳоҷири тоҷик дар се моҳи дуввуми имсол 322 миллиондоллар аз ин кишвар ба Тоҷикистон ирсол кардааст, ки ин шохис дар се моҳи нахуст 359 миллион доллар буд.

Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон ду миллиарду 700 миллион доллар ирсол карда буданд.

 

Барчасп