Октябр 04, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбекистон дар бозсозии роҳи оҳани Тоҷикистон мушорикат кунад

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки Ӯзбекистон метавонад дар бозсозии шабакаи роҳи оҳани Тоҷикистон мушорикат кунад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров бо ишора ба баргузории муваффақи ҳафтумин нишасти комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Душанбе ва Тошканд гуфт, яке аз мавзӯҳои муҳим дар равобити ду кишвар зарурати мушорикати Тошканд дар бозсозии роҳи оҳани Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, Ӯзбекистон дар масирҳое миёни Тошканд бо Бухоро ва  Самарқанд қаторҳои барқии пуршитоб роҳандозӣ кардааст ва мешавад ин барномаро то Душанбе идома дод.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик ҳамкории ҳамлу нақли ҷодаии ду кишвар токунӯн ба сатҳи даврони Шуравӣ нарасида аст ва барқарории ин иртибот ба замони бештаре ниёз дорад.

Умаров изҳор кард, Ӯзбекистон метавонад содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад ва Душанбе низ ба кишвари ҳамсоя барқ ва сементи бештаре содир кунад.

 

 

Барчасп