Октябр 06, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • 15 мақоми донишгоҳии Тоҷикистон барномаҳои интихоботии Раҳмонро таблиғ мекунанд

Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон эълом кардааст, ки 15 нафар аз шахсиятҳои донишгоҳӣ ва илмии ин кишвар мубаллиғони барномаҳои интихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ барои интихоботи рӯзи 11 октябр ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин афрод, ки ҳамагӣ узви Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ҳастанд, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар дидор бо раъйдиҳандагон барномаҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ мекунанд.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони улум, Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, Аброр Мирсаидв, муовини Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улум, Сайфиддин Давлатзода, раиси Донишгоҳи давлатии Бохтар, Ҷамшед Ҷуразода, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Муъмин шарифзода, раиси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва тиҷорат, Муаззамхон Ансорӣ, раиси Донишгоҳи омӯзгории Панҷакент, Нуралӣ Шоҳиён, раиси Донишгоҳи давлатии Данғара ва Абдулхалил Ғафурзода, раиси Акаднмияи мудирияти давлатӣ аз ҷумлаи мақомоти давлатӣ ҳастанд, ки барномаҳои раиси Ҳизби халқӣ демократиро ташреҳ мекунанд.

Шодигул Қонунзода, мудири мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ, Фарзона Нуъмонова, раиси мактаби раёсати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Турсунзода, Асалмоҳ Сафарзода, мудири масъули нашрияи Хатлон, Лутфуллоҳ Наврӯзов, мудири шуъбаи равобити умумии ноҳияи Ванҷ, Шералӣ Мӯсо, нависанда ва Сафарбек Нурзода, мудири шуъбаи равобити умумии ноҳияи Файзобод низ ба унвони намояндагони Ҳизби халқӣ демократӣ барномаҳои интихоботии Эмомалӣ Раҳмонро барои мардум бозгӯ мекунанд.

Интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистони рӯзи 11 октябр бо мушорикати 5 номзад баргузор мешавад.

 

Барчасп