Октябр 06, 2020 15:08 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ҳудуди се миллион тон семент дар Тоҷикистон

Тавлиди семент дар Тоҷикистони дар ҳашт моҳи нахусти имсол бо 95 ҳазор тон афзоиш, ба 2 миллиону 800 ҳазор тон расидааст.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», ин миқдор семент дар13 корхонаи ин кишвар тавлид шуда, ки зарфияти тавлиди солона 4 миллиону 700 ҳазор тон семент доранд.

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 4 миллиону 200 ҳазор тон семент тавлид ва як миллиону 500 ҳазор тони он ба хориҷ содир шуд.

Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҳисоби содироти ин маҳсул ба Ӯзбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон 68 миллион доллар даромад ба даст овард.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семен фаъолият мекунад, ки дар 20 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

 

Барчасп