Октябр 06, 2020 20:38 Asia/Dushanbe
  • Оё ҳаводиси ин рӯзҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон такрор мешавад?

Муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, такрори тазоҳуроти ахир дар Қирғизистон дар робита бо натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шокирҷон  Ҳакимов гуфтааст, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистони хотироти ногувори ҷанги дохилии ин кишвар дар солҳои 1992 то 1997-ро ба ёд доранд ки аз норизоятии бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 1991 оғоз шуд ва чӣ фоҷеаҳое ба бор овард .
Ҳакимов  афзуд : аз ин рӯ  пас аз интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 октябр, такрори ҳаводиси мушобеҳи рӯзҳои ахир дар Қирғизистон, ки сабаби он норизоятии бархе ҳизбҳои сиёсии ин кишвар аз натоиҷи интихоботи порлумонӣ аст, аслан имкон надорад .
Аз сӯи  дигар ба гуфтаи Ҳакимов, нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар сурати мушоҳидаи ҳар навъи таҳарруке ба суръат ба он вокуниш  нишон хоҳанд дод .
Лозим ба зикр аст, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябрро таҳрим карда аст .

Барчасп