Вуруди гурӯҳи дигаре аз нозирони байналмилалӣ аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 07 Oct 2020 15:03:16 GMT )
Октябр 07, 2020 20:03 Asia/Dushanbe
  •  Вуруди гурӯҳи дигаре аз нозирони байналмилалӣ аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон

Як гурӯҳи дигар аз нозирони байналмилалӣ барои назорат бар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябр аз тариқи гузаргоҳи марзии Гулистон миёни ноҳияи Исфара ва Ӯзбекистон вориди вилояти Суғд шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон пресса (   pressa . tj/Tajikistan), дар ин  гузаргоҳ  Баҳоуддин Баҳодурзода муовини раиси вилояти Суғд ва Акрам  Сулаймонзода Раиси шаҳри Исфара аз нозирони байналмилалӣ истиқбол карданд .
Ба гуфтаи мақомоти комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, нозирони байналмилалииӣ аз дабирхонаи Ҷомеаи Ҳамсуд, маҷмаи байни порлумонии иттиҳоди давлатҳои мустақил, комитети иҷроии Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва маҷмаи порлумонии Русия ва Беларус ва  чанд сафорати хориҷӣ то ба имрӯз  вориди ин кишвар шудаанд . 
 258 хабарнигор ва 122 нозири байналмилалӣ барои пӯшишу назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сабти  ном шудаанд .
Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби Халқии Демокроатӣ , Рустам Латиф‌зода номзади ҳизби кишоварзӣ , Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустам  Раҳматзода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ  Абдуллоев номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии рӯзи 11 октябри рақобат хоҳанд кард .