Баста шудани болҳои ҳавопаймоҳои Душанбе-Тошканд ба парвозҳои байналмилалии Ӯзбекистон
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи таъвиқ дар оғози дубораи парвозҳо бо Ӯзбекистон эълом карданд: то замоне, ки Ӯзбекистон парвозҳо бо кишварҳои осиёӣ ва аврупоиро барқарор насозад, имкони аз саргирии парвозҳо миёни душанбе ва Тошканд вуҷуд надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , ин мақомот гуфтаанд, ки бештари мусофирони парвоз дар масири Душанбе -Тошканд тронзитӣ ҳастанд, ки қасди идомаи сафар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёиро доранд, аз ин рӯ то мушаххас шудани замони барқарории парвозҳои байналмилалии Ӯзбекистон аз саргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд имконпазир нест .
Ин мавзӯ ҳафтаи қабл дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе баррасӣ шуд, аммо ба далели номушаххас будани замони азсаргирии парвозҳои байналмилалии Тошканд ба таъвиқ афтод .
Ин дарҳоле аст, ки мақомоти созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон аз оғози дубораи парвозҳои муназзами байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ, Чин ва Истанбули Туркия дар рӯзҳои наздик хабар додаанд .