Октябр 10, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон бо нозирони хориҷӣ

Роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон бо масъулини гурӯҳҳои байналмилалӣ, ки интихоботи 11 октябр дар Душанберо назорат мекунанд, мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар диёри Бахтиёр Худоёрзода бо Сергей Бурутин муовини гурӯҳи нозирони комитети иҷроии Ҷомеаи  Ҳамсуд, Мирзо Улуғбек Абдусаломов раиси комитети марказии интихоботи Ӯзбекистон, Алег Милженченко,  сарпарасти гурӯҳи нозирони маҷмаи байни порлумонии Ҷомеаи Ҳамсуд, намояндагони комиссияи марказии интихоботи Афғонистон ва ҳайати порлумонии Русия дар бораи омодагии Тоҷикистон ба интихоботи рӯзи якшанбеи раёсати ҷумҳурӣ баҳсу табодули назар шуд .
Масъулони гурӯҳҳои нозирони байналмилалӣ, ки барои баррасии шароити ройгӣрӣ ба чанд минтақа сафар карда буданд, омодагии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи рӯзи якшанбеи 11 октябрро матлуб арзёбӣ кардаанд .
 258 хабарнигору 156 нозири байналмиллалӣ барои пӯшишу назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистони сабти  ном шудаанд .
 Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода номзади ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустам  Раҳматзода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард .

Барчасп