Октябр 12, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон 7 соли дигар ҳам раисиҷумҳури Тоҷикистон аст

Бино бар эъломи Комиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии ин кишвар ба муддати ҳафтсоли дигар дар мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, аз 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар аз раъйдиҳандагон, ки мушорикати 85 дарсадии кулли афроди воҷиди шароитро нишон медиҳад, 90.92 дарсад ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

Бар асоси ин гузориш, Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

258 хабарнигор ва 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихобия ҳузур доштанд.

Натоиҷи ниҳоии шумориши оро ду ҳафта баъд аз баргузории интихоботи эълом хоҳад шуд.

Барчасп