Октябр 12, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Номзадҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба раъйи мардум эҳтиром мегузорем
    Номзадҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба раъйи мардум эҳтиром мегузорем

Рақибони интихоботии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз эъломи натоиҷи аввалияи интихобогти раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, ки ба пирӯзии қотеъи ӯ мунҷар шудааст розӣ ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топи Ти Ҷи, бар асоси натоиҷи аввалияи шумориши ороии интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 раъйи рехташуда ба сандуқ  ҳудуди 90 фоиз ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд .
Дар ин интихобот Рустам  Латифзода номзади ҳизби кишоварз 3, 3 дарсад , Абдуҳалим Ғаффорзода номзади ҳизби сотсиалистиӣ 1,49 дарсад , Рустам  Раҳмат‌‌зода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 1, 15 дарсад ва Мероҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистони 1,17 дарсад раъй оварданд .
Ғаффорзода ба ин пурсиш ки ба чӣ далел вай ва соири номзадҳо ҳатто ба андозаи 250 ҳазор имзое, ки барои сабти ном ҷамъ карда буданд рй наёвардаанд, гуфтааст: ба ин пурсиш бояд раъйдиҳандагон посух диҳанд.

Се номзади дигар низ эълом кардаанд, ки ба овоздиҳии мардум эҳтиром мегузоранд.

Натоиҷи ниҳоии шумориши овозҳо ду ҳафта баъд аз баргузории интихобот эълом хоҳад шуд.

Бар асоси натоиҷи аввалия 85 ва се даҳум дарсади афроди воҷиди шароит дар ин интихобот мушорикат кардаанд.

Барчасп