Октябр 13, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ бар густариши муносиботи Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид кард
    Ашраф Ғанӣ бар густариши муносиботи Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид кард

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмонро ба ин симмат табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориёнонюз, Муҳамад  Ашраф  Ғанӣ рӯзи сешанбе дар ин гуфтугӯи телефонӣ ибрози умедворӣ кард бо пирӯзии муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон  муносиботи Афғонистон ва Тоҷикистон густариш ёбад .
Ба гуфтаи раиси комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон , Эмомалӣ Раҳмон раиси ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ ва раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар беш аз 90 ороро ба худ ихтисос дода аст .
Бар асоси ислоҳи қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2016, Эмомалӣ Раҳмон метавонад модомулумр дар интихоботи   раёсати ҷумҳурии ин кишвар номзад шавад .

Барчасп