Октябр 13, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли гази Узбакистон ба вилояти Суғд пас аз 10 сол вақфа
    Интиқоли гази Узбакистон ба вилояти Суғд пас аз 10 сол вақфа

Мудири ширкати гази вилояти Суғд аз интиқоли дубораи гази Ӯзбакистон ба шимоли Тоҷикистон пас аз 10 сол вақфа хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Абдулҳаким Суфиев гуфтааст, ки қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротии Ӯзбакистон 2 сомонӣ аст, ки барои корхонаҳову бахши хонагии ин минтақа муносиб аст.

Вай таъкид кардааст, ки дар вилояти Суғд 800 километр хутути лулаи интиқоли газ вуҷуд дорад, ки 400 километри он дар шаҳри Хуҷанд воқеъ шудааст.

 

 

Ба гуфтаи Суфиев, кори бозсозии ин хутут рӯзҳои наздик ба поён мерасад, ки дар марҳалаи нахуст марокизи санъатӣ ва сипас бахши хонагӣ метавонанд пас аз 10 сол дубора аз гази содиротии Ӯзбакистон истифода кунанд.

Ҳамчунин интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ояндаи наздик имконпазир хоҳад шуд.

Бо ин ҳол мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз”  гуфтаанд, ки ба далели вақфаи 10 сола ва фарсудагии хутути интиқоли газ дар пойтахт, имкони интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе вуҷуд надорад.

 

Мавзӯҳои муртабит:

Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Баргузории комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Афзоиши 65 миллиондолларии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон

 

Барчасп