Қонуни нави андози Тоҷикистон бо бандҳои бештару дарсади камтар
Коргурӯҳи вижаи Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни андозро омода кардааст, ки теъдоди бандҳои он афзоиш ва мизони молиёти дарёфтӣ андаке коҳиш хоҳад ёфт.
Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, қонуни нави молиёт (андоз) 412 банд аст ва дар 365 сафҳа танзим шудааст, дар ҳоле ки қонуни қаблӣ 329 банд дошт ва дар 240 сафҳа таҳия шуда буд.
Дар қонуни нав теъдоди номгӯи молиёти дарёфтии давлатӣ аз 11 банд ба 7 банд коҳиш ёфтааст.
Бар асоси қонуни ҷадид мизони молиёти иҷтимоӣ аз марокизи санъатӣ аз 25 дарсади феълӣ ба 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва молиёт бар арзиши афзуда, ки ҳамвора мавриди шикояти бахши хусусӣ буд, бар асоси қонуни ҷадид аз 18 дарсади кунунӣ ба 15 дарсад коҳиш меёбад.
Ҳапмчунин мизони молиёт бар арзиши афзуда ба тадриҷ коҳиш хоҳад ёфт, ки дар соли 2025 ба 14 дарсад ва дар соли 2030 ба 13 дарсад хоҳад расид.
Бо ин ҳол, фаъолони бахши хусусӣ, ки ҳамвора аз сангинии молиёт шикоят мекарданд, муътақиданд, ки тарҳи қонуни ҷадид таъсири чандоне бар коҳиши молиёти дарёфтӣ нахоҳад дошт.
Дар муқобил масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат,
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,
Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон муддаиянд,
ки талош кардаанд мизони молиёти дарёфтиро коҳиш диҳанд.
Ва онҳо умедворанд Бонки Ҷаҳонӣ, ки ваъдаи кумаки молии ройгони 50 миллиондоллариро дар баробари ислоҳи қонуни молиёт додааст, ин манобеъро таъмин кунад.
Молиёти сангин дар Тоҷикистон ҳамвора мавриди шикояти фаъолони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ буд, ки акнун ба назар мерасад талоше барои ислоҳи он оғоз шудааст.
Матолиби муртабит:
Афзоиши 8 дарсадии ҳазинаи дарёфти муҷавизи фаъолият ба бахши хусусии Тоҷикистон
Ҳазорон фаоли бахши хусусии Тоҷикистон даст аз кор кашиданд
Афзоиши дубаробарии ҷаримаи фирор аз андоз барои бахши хусусии Тоҷикистон