Маскав: Интихоботи Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ анҷом шуд
(last modified Fri, 16 Oct 2020 16:11:50 GMT )
Октябр 16, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Баҳои Маскав ба интихоботи президентии Тоҷикистон
    Баҳои Маскав ба интихоботи президентии Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори иттилоияе, интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ донист.

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори иттилоияе, интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рӯзи 4 октябри соли ҷории мелодӣ баргузор шуд, мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ донист.

Дар ин иттилоия бо ишора ба ҳузури 114  нозир аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омадааст: Ин интихобот ба унвони як интихоботи боз, озод ва қонунӣ шинохта шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия фазои интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он 85. 39 дарсад аз раъйдиҳандагон ширкат карданд, рақобатӣ хондаву мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва қавонини миллӣ донистааст.

Қобили ёдоварӣ аст, ки дар интихоботи 11 октябри соли ҷории мелодӣ Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90. 92 дарсади оро барои як давраи ҷадиди ҳафтсола раисҷумҳур интихоб шуд.