Октябр 19, 2020 10:37 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон ба ҳамсоягон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли қабл коҳиш ёфтааст
    Содироти барқи Тоҷикистон ба ҳамсоягон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли қабл коҳиш ёфтааст

Тоҷикистон имсол содироти барқ ба се кишвари ҳамсояро ба мизони 43 дарсад дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, имсол арзиши молии содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон 48 миллиону 326 ҳазор доллар буд, ки ин шохис дар давраи мушобеҳи соли қабл 85 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил карда буд.

Мудирияти ширкати давлатии Барқи Тоҷик далели коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбакистону Қирғизистонро кам шудани мизони оби вурӯдӣ ба садди нерӯгоҳи барқи обии Норак эълом кардааст.

Аз ин рӯ мизони содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбакистон дар шаш моҳи нахусти имсол нисбат ба соли гузашта бо 345 миллион киловат соъати коҳиш ба 912.4 миллион киловат соъат расида ва Душанбе наметавонад ба таъаҳҳудоти хеш дар бораи интиқоли барқ ба ин ду кишвари ҳамсоя амал кунад .

  • Бештар бихонед:

Барқи Тоҷикистон нарасид Кобул хомуш шуд

Қатъи интиқоли барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон бар асари таркиш

Коҳиши чашмгири содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя

 

Барчасп