Оғоз ба кори сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 19 Oct 2020 16:06:23 GMT )
Октябр 19, 2020 21:06 Asia/Dushanbe
  • Мишел Таран дар сафорати Фаронса дар Русия, Албания, Тунис ва Латвия кор кардааст
    Мишел Таран дар сафорати Фаронса дар Русия, Албания, Тунис ва Латвия кор кардааст

Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон рӯзи душанбе дафтари худро ифтитоҳ кард ва нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ пешниҳод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Музаффари Ҳусензода ва Мишел Тарран  роҳҳои густариши равобити Душанбе ва Париж дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд .

Ҳусензода  афзуд, ки интизор дорем равобити Душанбе ва Париж дар даврони фаъолияти Мишел Тарран  беш аз пеш густариш ёбад .

Сафири нави Фаронса  дар Тоҷикистон низ дар ин дидор таъкид кардааст, ки пас аз фурӯкаш кардани бӯҳрони Ковид - 19 кишвараш  омодаи иҷрои  тавофуқоти имзошуда бо Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисодӣ  ва тиҷорӣ аст .

Мишел Тарран  қабл аз интисоб ба симати сафири Фаронса дар Тоҷикистон дар сафорати Фаронса  дар кишварҳои Русия, Албания, Тунис, Латвия ва вазорати хориҷаи кишвараш фаъолият кардааст .

 

бештар бихонед: