Пизишки олмонӣ пизишкони тоҷикро дар ташхиси корона омӯзиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58537-Пизишки_олмонӣ_пизишкони_тоҷикро_дар_ташхиси_корона_омӯзиш_медиҳад
Як мутахассиси вирусшиноси олмонӣ ба манзури баргузории давраи омӯзишӣ, бо ҳадафи иртиқои дониши пизишкони тоҷикистонӣ дар ташхиси мубталоён ба Ковид -19, ба Тоҷикистон сафар кардааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 23, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Ин давраи омӯзишӣ дар Озмоишгоҳи миллии бемориҳои уфунии Тоҷикистон баргузор мешавад.
    Ин давраи омӯзишӣ дар Озмоишгоҳи миллии бемориҳои уфунии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Як мутахассиси вирусшиноси олмонӣ ба манзури баргузории давраи омӯзишӣ, бо ҳадафи иртиқои дониши пизишкони тоҷикистонӣ дар ташхиси мубталоён ба Ковид -19, ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи “Спутник”, доктор Эммануэл Лейфер ба ҳамроҳи худ се ҳазор бастаҳои ташхиси коронаро ба Тоҷикистон овардааст, ки дар баргузории давраи омӯзишӣ барои пизишкони тоҷик истифода хоҳад шуд.

Ин давраи омӯзишии вижаи корона ба муддати 10 рӯз дар Озмоишгоҳи миллии ташхиси бемориҳои уфунии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Эммануэл Лейфер гуфтааст, ки пас аз поёни ин давра ба мутахассисони тоҷик барои муқобила бо густариши вируси корона кумакҳои мушовираӣ ва таҷҳизотӣ ироа хоҳад кард.

 


 

Бештар бихонед:

Эъломи омодагии Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад барои омӯзиши пизишкони Тоҷикистон

Ҷарроҳии Осия Зулфонова бо ҳузури пизишки саршиноси олмонӣ

Кумаки пизишкони олмонӣ ба Ӯзбакистон дар муқобила бо корона

Давраи омӯзишии роҳҳои муқобила бо бемории корона барои бонувони ноҳияи Ваҳдат