Октябр 26, 2020 22:06 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон боз ҳам афзоиш ёфт
    Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон боз ҳам афзоиш ёфт

43 бемори ҷадид ба феҳристи мубталоёни Ковид-19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид-19 дар ин кишвар то соати 19 рӯзи душанбе 26 октябр бо шиносоии 43 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 819 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 81 нафари пешин аст.

Аз 10 ҳазору 819 бемори Ковид-19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 951 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 62 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

бештар бихонед:

Барчасп