Пахши маросими савганди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тамомии шабакаҳои телевизионӣ
Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон соъати 9 субҳи рӯзи 30 октябр ба таври мустақим аз тамомии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, ин маросим дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳар ду палатаи парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Пеш аз ин маросим дар нишасти муштараки аъзои маҷлисҳои миллии намояндгони Тоҷикистон пешниҳоди Комиссиони марказии интихоботи ин кишвар бар асоси таъйиди натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии рўзи 11-уми октябр баррасӣ хоҳад шуд.
Дар бахши дувуми ин маросим режаи неруҳои мусаллаҳ муқобили Кохи миллат барномарезӣ шудааст.
Дар тамомии идораҳо ва созмонҳои давлатӣ кормандон вазифадор шудаанд, ки пахши мустақими маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро тамошо кунанд.
Бар асоси эъломи Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 овози рехташуда ба сандуқҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр 9.90 дарсад ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон будааст.
Бештар бихонед: