Октябр 27, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Шумори бекорон дар Тоҷикистони 11 ҳазор нафар бештар аз соли гузашта аст
    Шумори бекорон дар Тоҷикистони 11 ҳазор нафар бештар аз соли гузашта аст

2 аз даҳ як дарсад аз неруи дар синни кор дар Тоҷикистон бекор ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Созмони давлатии омори Тоҷикистон эълом кард шумори афроди бекор дар ин кишвар 11 ҳазор нафар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Дар моҳи август 7 ҳазору 400 нафар дар ҷустуҷӯи кор ба идораҳои Вазорати кор ва умури муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки 6 ҳазор нафар аз онон машғул ба фаъолият шудаанд.

Дар моҳи сентябри имсол бар асоси омори расмӣ шумори бекорон 50 ҳазору 800 нафар будааст, ки беш аз 49 дарсади онон занон будаанд.

Бо ин ҳол коршиносон бо ишора ба бекор шудани теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва бозгашти онон ба Тоҷикистон муътақиданд, ки омори воқеии афроди бидуни шуғл дар ин кишвар ба маротиб бештар аз омори расмии ҳукумат аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп