Октябр 29, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
  • Аз  оғози фасли бардошти пахта дар соли 2020 дар Тоҷикистон 330 ҳазор тонна маҳсул бардошт шудааст
    Аз оғози фасли бардошти пахта дар соли 2020 дар Тоҷикистон 330 ҳазор тонна маҳсул бардошт шудааст

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 330 ҳазор тонна аз заминҳои зироатии ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 78. 2 дарсад аз барномаи имсоли бардошти ин маҳсул аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз ин мизон 226 ҳазор тонна пахта саҳми вилояти Хатлон, 99 ҳазор тонна саҳми вилояти Суғд ва наздик ба 5 ҳазор тонна мутаъаллиқ ба кишоварзони навоҳии марказии Тоҷикистон аст.

Имсол аз 186 ҳазор гектар замини зери кишти пахта дар Тоҷикистон бардошти беш аз 421 ҳазор тонна пахта барномарезӣ шудааст.

Ин шохис дар соли 2019 наздик ба 403 ҳазор доллар буд.

Пахта пас аз алюминиюми дувумин маҳсули муҳими содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки бахши асосии он ба хориҷ содир мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон танҳо 25 дарсад аз ин маҳсул дохили Тоҷикистон фароварӣ мешавад ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мегардад, ки ба зиёни иқтисод кишвар аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп