Ноябр 18, 2023 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғди Тоҷикистон

Бар асоси эъломи Вазорати кишоварзии ин кишвар, то 12 ноябр ҳудуди 353 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ(бардошт) шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин ба далели шароити обуҳавоӣ, бузургтарин минтақаи кишти пахта, минтақаи Хатлон аз барномаи соли гузашта ақиб мондааст. Ба ҷойи 261 ҳазор тони соли гузашта, ҳудуди 244.4 ҳазор тон дар ин минтақа ҷамъоварӣ шуд.

 Дар Тоҷикистон имсол қасд доранд 426 ҳазор тон пахта дар 186 ҳазор гектар замин кишт кунанд.

 Ин бадон маъност, ки ба далели рушди коркарди пахта, ширкатҳо ва ҷойҳои кории  бештаре дар ҷумҳурӣ эҷод мешавад.

 Беш аз 100 корхонаи пахта дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки беш аз 100 ҳазор тон нахи пахта тавлид мекунанд.

 Ҳудуди 30 бунгоҳи саноеъи нассоҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

 Дар Тоҷикистон ширкатҳои харид ба ивази ҳар килограмм пахтаи ҷамъоваришуда танҳо 5-6 сомонӣ (0.45-0.54 доллар) ба тавлидкунандагон мепардозанд.

 20 дарсад аз мизони нахи тавлидшуда дар Тоҷикистон дар дохили кишвар коркард ва боқимонда ба сурати хом содир мешавад.

 

 

 

Барчасп