Октябр 30, 2020 19:29 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии худ аз шаҳрвандоне, ки ба ӯ раъй дода буданд, қадрдонӣ кард.

Ба гузориши расонаҳои Осиёи Марказӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони рӯзи ҷумъа дар маҳалли кохи “Сомон”- и шаҳри Душанбе панҷумин бор савганди президентӣ ёд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пас аз маросими савгандёдкунӣ (таҳлиф) ва дарёфти намодҳои раёсати ҷумҳурӣ (шаҳодатномаи президентӣ ва нишон), аз шаҳрвандоне, ки дар интихоботи 11 октябр ба ӯ раъй дода буданд, сипосгузорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар даври ахири интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 91 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва панҷумин бор раисҷумҳури ин кишвар шуд.

Натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоӣ шуд

Вай ҳамчунин дар суханронии худ муҳимтарин мавзӯҳо дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъйин кард.

Ҳамзамон бо маросими савгандёди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони марказии шаҳри Душанбе ба номи майдони “Дӯстӣ” низ паради низомӣ бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нерӯи низомии ин кишвар баргузор шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз поёни маросими савганд, ба майдони "Дӯстӣ" рафт ва дар маросими парад ҳозир шуд.

Имсол дар маросими савгандёдкунии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ҷумҳурӣ ва меҳмонони олирутбаи хориҷӣ ҳузур надоштанд.

 


 

Бештар бихонед:

Раҳмон 7 соли дигар ҳам раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст

Рӯҳонӣ интихоби дубораи Раҳмонро ба симати раёсатиҷумҳурӣ табрик гуфт

Нозирони байналмилалӣ дар бораи натоиҷи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

 


 

Барчасп