Шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58697
38 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шиносоӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 30, 2020 22:08 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 30 октябри 2020
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 30 октябри 2020

38 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шиносоӣ шуд.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар кишвар то соати 19 рӯзи ҷумъаи 30 октябр бо шиносоии ин 38 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 977 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 82 нафари пешин аст.

Аз 10 ҳазору 977 гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 182 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 54 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 


 

Бештар бихонед: