Октябр 31, 2020 15:01 Asia/Dushanbe
  • Э.Раҳмон порсол низ қонуни афв беш аз 20 ҳазор зиндониро имзо кард
    Э.Раҳмон порсол низ қонуни афв беш аз 20 ҳазор зиндониро имзо кард

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон фармони афви 378 зиндониро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз итмоми маросими Савгандёд, аввалин фармон худро барои бахшиши 378 муҷрими маҳкум ба ҳабс содир кард.

Як сол қабл, дар поёни моҳи октябри 2019 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон тарҳи қонуни афви беш аз 20 ҳазор зиндониро имзо карда буд.

  • Ташаккури Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаводоронаш дар маросими савганёди раёсатҷумҳурӣ

 

Эмомалӣ Раҳмон дар фармони дигаре аз аъзои давлати ин кишвар хост то замони ташкили давлати ҷадид ба вазоифи худ идома диҳанд.

Бар асоси модаи 74 Қонуни асосии Тоҷикистон баъд аз интихоби раисиҷумҳури ҷадид, аъзои қаблии давлат шомили нахуствазир ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ муваззафанд аз мақоми худ истеъфо диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар даври ахири интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 91 дарсади раъйҳоро ба даст оварад ва панҷумин бор раисиҷумҳури ин кишвар шуд.

Имсол дар маросими савгандёди раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби густариши вируси куруно раисони ҷумҳур ва меҳмонони олирутбаи хориҷӣ ҳузур надоштанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

  • Натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоӣ шуд
  • Афзоиши теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон ва талоши мақомоти ин кишвар барои ислоҳи аҳкоми кайфарӣ
  • Гузориши вижа: вокунишҳо ба тарҳи қонуни афви умумии зиндониён дар Тоҷикистон

 

Барчасп