Афзоиши 42 нафарии шумори беморони КОВИД-19 дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 02 Nov 2020 15:27:16 GMT )
Ноябр 02, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 96 нафар расид
    Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 96 нафар расид

42 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд ва шумори беморони коронаӣ дар ин кишвар ба 11 ҳазору 96 нафари расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони КОВИД-19 дар Тоҷикистон то соъати 19-и рӯзи душанбе 2 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 82 нафар пешин аст .

Аз 11 ҳазору 96 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 337 нафар беҳбуд ёфтаанд .

Дар шабонарӯзи ахири 54 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд .

 Бештар бихонед: