Афзоиши бардошти гандум дар Тоҷикистони нисбат ба соли қабл
Бардошти гандум дар Тоҷикистон аз оғози имсол то аввали моҳи ноябр ба 847 ҳазору 417 тан расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 30 ҳазор тонна бештар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин миқдор гандум аз 268 ҳазор гектар замини зери кишти ин маҳсул бардошт шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат дар Тоҷикистон 435 ҳазор тонна ҳубубот бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 60 ҳазор тонна бештар аст.
Бо ин ҳол Идораи давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба ин кишвар ворид шудааст.
Тоҷикистон солона ба беш аз ду миллион тонна орд ва гандум ниёз дорад, ки ниме аз ин маҳсулот аз роҳи воридот таъмин мешавад аз ин рӯ коршиносон танҳо роҳи таъмини ниёзи физояндаи ин кишвар ба орду гандумро тавсеъаи кишти ин маҳсул медонанд.
Ҳамакнун нархи ҳар киса орди 50 килоии тавлиди дохил дар бозорҳои Тоҷикистони 250 сомонӣ ( муодили 25 доллар) ва орди қазоқистонӣ 270 сомонӣ ( муодили 27 доллар ) аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл 170 сомонӣ буд.
Бештар бихонед: