Ноябр 04, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Рахмон аз раванди сулҳи байни афғонҳо истиқбол кард
    Рахмон аз раванди сулҳи байни афғонҳо истиқбол кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои афғонистонии худ иқдомоти ахири террористӣ дар ин кишварро маҳкум ва ба зарурати ташдиди муборизаи қотеъона алайҳи ин падидаи шум таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Эмомалӣ Раҳмон"  дар тамоси телефонӣ бо "Ашрафи Ғанӣ" ҳамтоии афғонистониаш иқдомоти террористии ахир дар донишгоҳи Кобул ва низ алайҳи нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи «Имом Соҳиб» вилояти « Қундуз »-ро ғайриинсонӣ тавсиф кард ва ташдиди муборизаи қотеъона алайҳи ҳамаи ҷилваҳои тероризм ва ифротгароиро хостор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон кард, ки ин иқдомоти гурӯҳҳои ифротӣ монеъи гомҳои қотеъи мардуми Афғонистон дар масири эҷоди сулҳу суботи пойдор ва таъмини рушду пешрафти кишварашон нахоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байни афғонҳо истиқбол ва таъкид кард, ки «Душанбе» аз талошҳои мудовими давлати Кобул барои таъмини амният ва сулҳу ва суботи дар ин пуштибонии комил мекунад.


 
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагии худро барои пуштибонӣ аз иқдомоти давлат ва мардуми Афғонистон дар заминаи истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии Кобул эълом кард.

Вай зимни ибрози ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худи наздикону бастагони қурбониёни ҳодисаи террористии ахир дар Афғонистон барои тамоми осебдидагон шифоии комил орзӯ кард.


 
 Бештар бихонед :

  

Барчасп