Сабаби иваз шудани вазирони иқтисоди Тоҷикистон
Коршиноси умури Осиёи Марказӣ иваз шудани вазирон дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон дар давраи раёсати ҷумҳурии нави Эмомалӣ Раҳмонро нишонаи талошҳо барои беҳбуди вазъи ин бахшҳо медонад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сергей Масаулов бо ишора ба барканории вазирони саноат ва технологияҳои нав, захираҳои энергетикӣ ва об ва кишоварзии Тоҷикистон ва таъини ҷавонони нисбатан ҷавон ба ин симматҳо мегӯяд: "Ин иқдом дар ҷиҳати сиёсати эъломшудаи Раҳмон барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, истифода аз технологияҳои нав ва рақамӣ кардани мудирияти тавлиди маҳсулот сурат гирифтааст."
Ба гуфтаи Масаулов, афзоиши тавлиди нерӯи барқ ҳамчунон яке аз рукнҳои асосии сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати ҷумҳурии нави ҳафтсолаи худ бо идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ҷалби сармояи хориҷӣ, бозсозии корхонаи алюминиум ва афзоиши фаъолияти маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили Тоҷикистон хоҳад буд.
Аммо, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, ки дар оянда иқтисоди Тоҷикистон аз пулҳои муҳоҷирони корӣ вобастагӣ хоҳад дошт.
Нахустин тағирот дар кобинаи Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин таъинот пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири ширкати энергетикии Бадахшон Далер Ҷумазодаро ба симати вазири энергетика ва захираҳои об, мудири ширкати алюминий Шералӣ Кабирро ба симати вазири саноат ва технологияҳои нав ва Сулаймон Зиёзодаро ба симати вазири кишоварзи мансуб кард.
Бештар бихонед: