Зиёни якуним миллиард доллари Тоҷикистон аз вируси корона
(last modified Sat, 07 Nov 2020 08:45:49 GMT )
Ноябр 07, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Расулзода бар талош барои коҳиши осори корона бар иқтисоду тиҷорат таъкид кард
    Расулзода бар талош барои коҳиши осори корона бар иқтисоду тиҷорат таъкид кард

Нахуствазири Тоҷикистон аз эҳтимоли ворид шудани як миллиарду 600 миллион доллар хисорат ба кишвараш бар асари шуюъи вируси корона ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Қоҳир Расулзода пас аз интисоби дуборааш дар симати нахуствазирии Тоҷикистон дар нишасти маҷозии нахуствазирони кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд гуфт, ки ин мизони хисорат баробар бо 20 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Нахуствазири Тоҷикистон афзуд: Ҳамзамон бо талоши кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд барои мубориза бо густариши вируси корона талош барои коҳиши осори ин беморӣ бар иқтисод ва тиҷорат низ аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Дар нишасти ахири нахуствазирони кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд, ки аз тариқи тасвирӣ баргузор шуд, роҷеъ ба масоили мубориза бо густариши вируси корона, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, беҳдошту дармон, ҳамлу нақл ва транзит, иртибототу мухобирот, фарҳангу варзиш ва гардишгарӣ миёни аъзо баҳсу табодули назар шуд.

Бештар бихонед: