Ноябр 07, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Мудири Сомон Эйр мегӯяд густариши вируси корона бар баҳои билети ҳавопаймо афзудааст
    Мудири Сомон Эйр мегӯяд густариши вируси корона бар баҳои билети ҳавопаймо афзудааст

Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр дар бораи гаронии билети парвозҳои интиқоли муҳоҷирони бекоршуда аз хориҷ ба Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, мудирияти ширкати Сомон Эйр Томас Ҳаллам эълом кардааст, ки ин ширкат бо оғози маҳдудияти парвозӣ аз 20 март то охирҳои октябри имсол 416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони бекоршудаи Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом додааст, ки теъдоди ин мусофирон ҳудуди 77 нафар будааст.

Бар асоси ин гузориш, миёнгин қиммати билет барои ҳар мусофир 395 евро муқаррар шуда, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии Ковид-19 ду баробар афзоиш ёфтааст.

 Ба гуфтаи мудири ширкати Сомон Эйр, ин қимат шомили ҳақи хадамот, баҳои сӯхт, таъмири ҳавопаймо, ҳуқуқи кормандон ва молиёт мешавад, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ба ин авориз ҳазинаи хариди либоси ҳифозатӣ барои халабонон ва меҳмондорон, зиддиуфунӣ кардани дохили ҳавопаймо ва коҳиши сандалиҳо барои риояти фосила ва муқаррароти беҳдоштӣ изофа шуда, ки рӯи қимати билет таъсир мегузорад.

 

Ҳамчунин бинобар эъломи Сомони Эйр, ин ширкат маҷбур шуд 90 дарсад аз кормандони худро ба далели коҳиши шадиди теъдоди парвозҳо ба мурраххасӣ бидуни ҳуқуқ бифиристад, ки аз моҳи июли гузашта ин афрод дубора сари кори хеш ҳозир шуданд.

Бештар бихонед:

Барчасп