38 бемори дигари корона дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58904-38_бемори_дигари_корона_дар_Тоҷикистон_шиносоӣ_шуданд
Шумори беморони короноӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 294 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Боз 38 бемори дигар ба рӯйхати 19 бемори Тоҷикистон илова карда шуд
    Боз 38 бемори дигар ба рӯйхати 19 бемори Тоҷикистон илова карда шуд

Шумори беморони короноӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 294 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 7 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 83 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 94 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 594 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 70 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Бештар бихонед: