Азсаргирии ҳаҷҷи умра барои тоҷикон дар охири моҳи ноябр
(last modified Mon, 09 Nov 2020 11:12:36 GMT )
Ноябр 09, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷҷи умра барои тоҷикон охири моҳи ноябри соли 2020 оғоз мешавад
    Ҳаҷҷи умра барои тоҷикон охири моҳи ноябри соли 2020 оғоз мешавад

Директори як ширкате, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ мефиристад, дар бораи эҳёи ҳаҷҷи умра дар охири моҳи ноябр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдулмаҷид Зокиров гуфт дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ бо мақомоти Арабистон дар бораи ҷузиёти мавзӯи баргузории ҳаҷи умра дар шароити ҳамагирии вируси корона идома дорад.

Вай ба нақл аз мақомҳои Арабистон гуфт: "Замони анҷоми ҳаҷи умра ду ҳафта ва синни зоирон низ аз 18 то 50 соли хоҳад буд."

Маҳдудияти синниро Арабистони Саудӣ ба иллати густариши Ковид-19 ба иҷро гузоштааст.

Зокиров гуфтааст, ки ҳанӯз ҳазинаи сафари ҳаҷи умра мушаххас нашудааст.

Солҳои қабл ва дар даврони пеш аз коронаӣ шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафари ҳаҷи умра маблағи 20 ҳазору 500 сомонӣ ( муодили 2 ҳазору 500 доллар пардохт мекарданд .
 
Бештар бихонед :