Таҷаммуъи донишҷӯён муқобили Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
-
4 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия наметавонанд ба маҳали таҳсили худ бозгарданд
Шуморе аз донишҷӯёни тоҷики пазиришшуда дар донишгоҳҳои Русия бо таҷаммуъ муқобили Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистони мусоидати ин ниҳодро барои сафарбар шудан ба маҳали таҳсили худ хостор шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, ин донишҷӯён эълом кардаанд, ки агар ба зудӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия эъзом нашаванд, аз ин марокизи омӯзишӣ ихроҷ хоҳанд шуд.
Теъдоде аз ин донишҷӯён гуфтаанд, ки сафорати Русия дар Душанбе ба онон эълом кардааст, ки барои ҳалли ин мушкил бояд ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон муроҷиа кунанд ва се моҳ аст, ки мақомоти ин вазоратхона дар ин маврид посухи равшане намедиҳанд.
Иддае ҳам гуфтаанд, ки ба далели густариши вируси корона наметавонанд ба Русия бираванд ва ин дар ҳоле аст, ки аз омӯзишҳои фазои маҷозӣ низ ба далели қатъии барқ, гаронии нарх ва суръати поини интернет дар Тоҷикистон шокӣ ҳастанд.
Парвиз Наҷмиддинов- намояндаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба ин донишҷӯён гуфтааст, ки дар ин замина ҳукумати Душанбе мунтазири дарёфти посухи Русия аст.
Гуфта мешавад, ки 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, ки ниме аз онон соли аввали донишгоҳ ҳастанд, ба далели густариши вируси корона наметавонанд ба маҳалли таҳсили худ бираванд.
Бештар бихонед: