Тоҷикистон ва Малайзия дар масири густариши равобити парлумонӣ
(last modified Mon, 09 Nov 2020 16:12:06 GMT )
Ноябр 09, 2020 21:12 Asia/Dushanbe
  • Малайзия метавонад дарвозаи тиҷории Тоҷикистон ба ҷануби шарқи Осиё бошад
    Малайзия метавонад дарвозаи тиҷории Тоҷикистон ба ҷануби шарқи Осиё бошад

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтои малайзияии худ аз тариқи маҷозӣ гуфтугӯ ва густариши равобити парлумониро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар гуфтугӯи "Муҳамадтоҳири Зокирзода" ва "Азҳар Азизон Ҳорун" роҳҳои густариши равобити Тоҷикистон ва Малайзия ва нақши парлумонҳои ду кишвар дар тавсеъаи муносиботи дуҷониба баррасӣ шуд.

Зокирзода гуфт, ки дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ бо Малайзия таъсис шудааст, ки метавонад ба густариши равобити дуҷониба кумак кунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо баёни ин ки Малайзия метавонад дарвозаи тиҷории Тоҷикистон ба кишварҳои ҷануби шарқи Осиё бошад пешниҳод кард, ки Малайзия дар яке аз минтақаҳои озоди Тоҷикистон маркази вижаи содироти маҳсулоти худ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказиро таъсис кунад .

Раиси ҷадиди парлумони Малайзия низ дар ин дидор аз густариши равобити кишвараш бо Тоҷикистон истиқбол кард.

Бештар бихонед: