Дидори Раҳмон бо раиси Шӯрои федератсияи Русия
(last modified Thu, 13 Oct 2016 14:17:38 GMT )
Октябр 13, 2016 19:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо раиси Шӯрои федератсияи Русия

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Шӯрои федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Валентина Матвиенко дар шаҳри Душанбе ҳамчунин  перомуни авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифтааст.

Коршиносони тоҷик низ мавзӯи амниятро аз муҳимтарин меҳварҳои сафари Раиси Шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Душанбе муътақид аст, ки баррасии мавзӯҳои амниятию низомӣ бо Тоҷикистон дар меҳвари аҳдофи сафари хонум Матвиенко ба Душанбе қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Шӯрои федератсияи Русия бо сафари дурӯза дар раъси як ҳайат шоми 12 октябр бо ҳадафи ширкат дар Форуми байнипарлумонии "Тоҷикистону Русия - нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ" вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Дар дидори имрӯзаи хонум Матвиенко бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин мавзӯи тақвияти муносиботи гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону  Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббиии Тоҷикистон табодули афкори судманд сурат гирифтааст.

Гуфтанист, раиси Шӯрои федератсияи Русия дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ҳамчунин бо дигар мақомоти баландпояи тоҷик, бахусус руасои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.