Афзоиши 41 нафарии феҳристи беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо як фавт
Ноябр 10, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 417 нафар расид
Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 417 нафар расид.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин теъдоди ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи 10 ноябр бо як мавриди афзоиш ба 84 нафар расидааст.
Аз 11 ҳазору 417 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 763 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 52 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед:
- Коҳиши тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон дар пайи густариши Ковид -19
- Ваксинаи чинии Ковид -19 муваффақиятомез буд