Афзоиши 41 нафарии феҳристи беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо як фавт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58992-Афзоиши_41_нафарии_феҳристи_беморони_коронаӣ_дар_Тоҷикистон_бо_як_фавт
Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 417 нафар расид
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 10, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори Ковид -19 дар Тоҷикистон дар 10 ноябри 2020
    Охирин омори Ковид -19 дар Тоҷикистон дар 10 ноябри 2020

Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 417 нафар расид

Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 417 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин теъдоди ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи 10 ноябр бо як мавриди афзоиш ба 84 нафар расидааст.

Аз 11 ҳазору 417 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 763 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 52 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

Бештар бихонед: