Нерӯгоҳи хуршедии Мурғоб ифтитоҳ шуд
Бузургтарин нерӯгоҳи хуршедии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ба баҳрабардорӣ расид.
Ба гузориши “Форс”, ин нерӯгоҳи хуршедӣ дар ноҳияи Мурғоб - баландтарин нуқтаи вилояти худмухтори Бадахшони куҳӣ қарор дорад.
Нерӯгоҳи хуршедии 220 киловатии Мурғоб бо кумаки идораи тавсеаи байналмилалии Амрико ва бо ҳамкории ширкати “Помир энержӣ” сохта шудааст.
Аз нерӯгоҳи Мурғоб ба унвони бузургтарин нерӯгоҳи хуршедӣ дар Тоҷикистон ва баландтарин дар ҷаҳон ёд мешавад.
Як истгоҳи захираи барқ бо зарфияти 180 киловатт соат низ бахше аз пружаи нерӯгоҳи хуршедии Бадахшон аст.
Ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 600 метр аз сатҳи дарё баланд аст ва 6 ҳазор нафар ҷамъияти он то кунун аз дарёфти кофӣ ва муназзами нерӯи барқ маҳрум буданд.
Акнун бо баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи хуршедӣ дар ин минтақа пешбинӣ мешавад, баҳрамандии сокинон аз барқ 50 дарсад афзоиш ёбад.
Пеш аз ин мақомот аз ифтитоҳи ин нерӯгоҳи хуршедӣ дар моҳи майи имсол хабар дода буданд.
Бештар бихонед:
- Баҳрабардорӣ аз нахустин нерӯгоҳи хуршедӣ дар Мурғоб моҳи майи имсол
- Имкони мушорикати Олмон дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзори Бадахшон