Баррасии азсаргирии парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон
Масъулони ҳавонавардии Тоҷикистон ва Русия мавзӯи азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар гуфтугӯи Икром Субҳонзода, раиси созмони ҳавопаймоит кишварии Тоҷикистон ва Александр Нередко, муовини вазири ҳамлунақл ва масъули Созмони ҳавопаймоии Русия, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, дурнамои ҳамкории ду кишвар ва зарурати барқарории парвозҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар Тоҷикистон ва Русия барои мубориза бо густариши вируси корона, омодасозии зерсохтҳои ду кишвар барои азсаргирии парвозҳои муназзам бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ баҳсу табодули назар карданд.
Бо ин ҳол торихи дақиқе дар замининаи азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон таъйин нашудааст.
Бо густариши вируси корона мақомоти Русия аз рӯзи 16 март парвозҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистонро мутаваққиф карданд ва то ба ҳол барои хориҷ кардани шаҳрвандони ин ду кишвар танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом мешавад.
Бештар бихонед:
Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Аморот
Омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо