Ноябр 14, 2020 15:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳошим Гадо дар бемористони Зарафшон бистарӣ шудааст
    Ҳошим Гадо дар бемористони Зарафшон бистарӣ шудааст

Ҳошим Гадо, чеҳраи барҷастаи ҳунари Тоҷикистон ба иллати ибтило ба вируси корона дар бемористони бемориҳои уфӯнии Зарафшон бистарӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Азхия Плюс, Ҳошим Гадо бистарӣ шудани худ дар бемористонро таъйид карда ва гуфтааст, ки "ҳоли хубе надорад".

Дар айни ҳол, як манба дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардааст, ки вазъияти пизишкии Ҳошим Гадо қобили қабӯл аст ва ӯ чанд рӯзи дигар мурраххас мешавад.

Ҳошим Гадоев 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.

Аз соли 1961 ба ҳайси ҳунарманд ва коргардони Театри драмавии тоҷикии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Ҳошим Гадо дар нақши Сӯҳроб дар филми"Рустам ва Сӯҳроб" сохтаи Борис Кимёгаров

Ҳошим Гадо дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

 

Барчасп