Ноябр 14, 2020 22:07 Asia/Dushanbe
  • Манобеи хабарии Тоҷикистон аз боздошти раҳбари салафия Эшони Сироҷиддин хабар медиҳанд
    Манобеи хабарии Тоҷикистон аз боздошти раҳбари салафия Эшони Сироҷиддин хабар медиҳанд

Кормандони полиси шаҳри Душанбе Эшони Сироҷиддин, раҳбари гурӯҳи ғайрирасмии салафияро дар маҳалли иқоматаш дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин бори дувум аст, ки Эшони Сироҷиддинро кормандони полиси пойтахти Тоҷикистон ба ҳамроҳи теъдоде аз шогирдонаш боздошт мекунанд.

Эшони Сироҷиддин дар соли 2009 бо иттиҳоми барангехтани низои мазҳабӣ аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо тибқи қонуни афви умумӣ дар соли 2013 раҳо шуд ва ҳоло наздиконаш аз боздошти дуборааш хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки маъмурони пулис ҳангоми боздошт китобҳо ва компютери шахсии ӯро бо худ бурдаанд.

Сабаби боздошти дубораи раҳбари ғайрирасмии гурӯҳи салафия шарҳ дода нашудааст.

Аз соли 2005 то 2009 Эшони Сироҷиддин бо намояндагони Ҳизби Ҷунбиши Исломӣ ва пайравони равияи салафия дар Тоҷикистон шадидан муноқиша карда, хостори вуҷуди мазҳаби салафия шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп