Шиносоии 39 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
Ноябр 14, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
39 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шиносоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони коронаӣ дар кишвар бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 573 нафар расид.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 14 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 75 нафари пешин аст.
Аз 11 ҳазору 573 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 934 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 40 бемори Ковид-19 ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.
Бештар бихонед: