Размоиши электронии артиши Русия дар пойгоҳи 201
Артиши Русия дар базаи электронии худ дар пойгоҳи 201 дрони фарзияи душманро ғайрифаъол кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, хадамоти матбуотии минтақаи низомии марказии Федератсияи Русия эълом кард дар пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон размоиши (машқи) коршиносони муборизаи радиои электронӣ баргузор шуд.
Дар ин машқ, сарбозони Русия дронҳои фарзияи душманро дар атрофи иншооти низомӣ дар Тоҷикистон маъюб карданд.
Дар ин тамрин ҳисобҳо аз системаҳои Силок ва Лесочек истифода шуданд, ки ба артиши Русия кумак кард, ки шабакаҳои идоракунии дронро муайян ва хомӯш кунанд.
Тибқи иттилоъи як манбаъ дар минтақаи марказии низомии Русия, тамринҳои вижа барои дафъи ҳамлаҳои ҳавоии фарзияи душман дар шаҳрҳои низомии Душанбе ва Бохтар мунтазам баргузор мешаванд.
Воҳидҳои муқобила бо терроризм низ дар ин размоишҳо ширкат мекунанд.
Бештар бихонед: