Устод Ёҳақӣ: «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр китоби болинии ман аст
(last modified Tue, 17 Nov 2020 13:05:34 GMT )
Ноябр 17, 2020 18:05 Asia/Dushanbe

Устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад иброз дошт, ки шодравон Баҳманёр Аминӣ дар миёни аҳли адабу фарҳанги форсу тоҷик дорои ҷойгоҳи муносибест.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, устоди донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва сардабири маҷаллаи маъруфи илмии «Пож» бо таъкид бар ин ки румони «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр китоби болинии ман аст, аз ҷумла афзуд: Баҳманёр адибу нависандаи халлоқест, ки дар Тоҷикистон ва Эрон низ шуҳрати лозимро дорад. 

Устод Ёҳақӣ изҳори умедворӣ кард, ки осори Баҳманёр бо форсӣ тарҷума шавад то гуруҳи васеъе аз мухотабон, ба хусус аз Эрон ва Афғонистон ба навиштаҳои ӯ дастрасӣ пайдо кунанд ва иртиботи бештаре байни нависандагони тамаддуни форсӣ барқарор гардад.  

Суҳбати устод Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар бораи Баҳманёрро дар файли савтии ин сафҳа метавонед бишнавед.

Баҳманёр Аминӣ

 

Баҳманёр Аминӣ, адиби машҳури тоҷик дар синни 66 солагӣ дар хонааш дар шаҳри Душанбе чашм аз ҷаҳони хокӣ фурӯ баст.

Исфандиёр Аминӣ фарзанди ин адиби тоҷик гуфтааст, ки падараш бемор набуда ва бидуни дарду ранҷ ҳангоми хоб даргузаштааст.

Баҳманёр дар адабиёти тоҷик ба унвони нависандаи навгаро бо романи Сармаддеҳ шуҳрат ёфтааст, ки нигорише бисёр ҷаззоб дорад ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла русӣ ва англисӣ тарҷума ва ба хатти форсӣ низ мунташир шудааст.

Вай донишомӯхтаи соҳаи забони арабӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, ки солҳо низ дар кишвари Либия ба унвони мутарҷим фаолият карда буд.

Маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳаш бо номҳои "Ишқи сайёд" (1984), "Асби обӣ" (1984), "Дуди ҳасрат" (1993) мунташир шуда ва дар солҳои ахир низ романе бо номи "Шоҳаншоҳ"-ро мунташир карддаст.

Баҳманёр Аминӣ то поёни умр корманди маҷаллаи "Садои Шарқ" вобаста ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

Бештар бихонед: