Ноябр 18, 2020 20:06 Asia/Dushanbe
  • Бахши даромади буҷети 2021 –и Тоҷикистон 6. 1 дарсад бештар аз буҷети имсол аст
    Бахши даромади буҷети 2021 –и Тоҷикистон 6. 1 дарсад бештар аз буҷети имсол аст

Порлумони Тоҷикистон дар нишасте пешнависи Қонуни буҷети соли 2021 –и ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистон ин лоиҳаро ба намояндагони порлумон ироа ва эълом кард, бахши даромади буҷет дар соли оянда 27. 6 миллиард сомонӣ барномарезӣ шуда, ки 1. 6 миллиард сомонӣ ё 6. 1 дарсад бештар аз буҷети соли 2020 аст.

Вай рушди бахши даромади буҷетро бо пайдо кардани манобеи нави андоз ва молиёт, афзоиши ҷамъоварии молиётҳои асосие монанди молиёт бар арзиши афзуда, молиёти ғайримустақим, молиёт бар даромад ва ҳамчунин таъмини рушди воқеии иқтисод ва эҷоди шуғлҳои ҷадид муртабит донист.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, ҳазинаҳои буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 низ 28. 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки 1. 7 миллиард сомонӣ бештар аз маблағи ин бахш дар буҷети соли 2020 аст.

Вазири молияи Тоҷикистон афзуд, ба таври хос дар буҷети соли оянда барои бахши омӯзишу парвариш 5. 6 миллиард сомонӣ, бахши беҳдошт 2. 3 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 4. 2 миллиард сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1. 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки ҳамаи онҳо нисбат ба гузашта бештар аст.

Қаҳҳорзода гуфт, барои бахши маскану хадамоти иҷтимоӣ низ дар буҷети соли оянда 1. 3 миллиард сомонӣ ва сӯхту энержӣ 3. 8 миллиард сомонӣ ихтисос ёфтаву 2. 1 миллиард сомонии дигар ҳам монанди соли қабл барои такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳазина мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп