Ноябр 18, 2020 22:32 Asia/Dushanbe
  • 86 тан то кунун дар Тоҷикистон бар асари корона ҷон бохтаанд
    86 тан то кунун дар Тоҷикистон бар асари корона ҷон бохтаанд

42 номи дигар ба феҳристи беморони коронаӣ ва як нафар ба шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 731 нафар расидааст.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 –и рӯзи чаҳоршанбеи 18 ноябр бо як маврид афзоиш ба 86 нафар расидааст.

Аз 11 ҳазору 731 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 105 нафар беҳбуд ёфта‌анд.

Дар шабонарӯзи ахир 44 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: