Судури муҷавизи боздошти муваққати саркардаи гурӯҳи Салафия
(last modified Thu, 19 Nov 2020 08:20:19 GMT )
Ноябр 19, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷавизи боздошти муваққати саркардаи гурӯҳи Салафия аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
    Судури муҷавизи боздошти муваққати саркардаи гурӯҳи Салафия аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҷавизи боздошти муваққат ва бозҷӯии Эшони Сироҷиддин, саркардаи ғайрирасмии гурӯҳи Салафия чанд шогирди вайро содир кардааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, манобеи ин додгоҳ бо таъйиди судури ҳукми боздошт ва бозҷӯии вай, ба далели маҳраҳмона будани парванда аз додани тавзеҳоти бештар хӯддорӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Эшони Сироҷиддин ба ибтикори кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт ва барои бозҷӯӣ ба боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод мунтақил шудааст.

Эшони Сироҷиддин соли 2009 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми барангехтани низои мазҳабӣ ба 7 сол зиндон маҳкӯм шуда буд, аммо дар соли 2013 бар асоси қонуни афви умумӣ озод шуд.

Эшони Сироҷиддин дар солҳои 2005 то 2009 ба шиддат бо намояндагони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва пайравони тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон даргир шуд. Ӯ талош кард, вуҷӯди фирқаи Салафияро тавҷеҳ кунад. Вай ҳамчунин дар соли 2019 ва замоне, ки дар Тоҷикистон баҳси гарон шудани қиммати интернет доғ шуда буд, бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Хадамоти алоқаи ин кишвар, шабакаҳои иҷтимоиро вабои қарн, манбаи фаҳш ва фасод ва ҳомроҳӣ барои мусулмонон унвон кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: