Судури ҳукми зиндон барои 5 зани тоҷик ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Афғонистон
(last modified 2022-01-09T14:06:01+00:00 )
Январ 09, 2022 19:06 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми зиндон барои 5 зани тоҷик ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Афғонистон

5 зан дар Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Афғонистон ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Сино 5 зани тоҷикро ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Афғонистон ба 12 то 14 сол зиндон маҳкум карданд.

Ба гузориши сомонаи ТопТиҷи, гуфта мешавад ин занон ба ҳамроҳи шавҳаронашон бо пайвастан ба гуруҳи террористии ДИИШ ба Афғонистон рафтанд аммо вакилони ин афрод ин иттиҳомро рад мекунанд.

Аз дидгоҳи ин вакилон ин занонро шавҳаронашон ба иҷбор ба Афғонистон бурданд.

Шабнами Искандар вакили Камолова Олима яке аз ин занон муътақид аст ҷаласоти додгоҳи муҳокимаи мувакилонашон ҷиддӣ ва мунсифона набуд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон муътақиданд паз аз шикасти гуруҳи террористи ДИИШ дар  Сурия ва Ироқ, теъдоде аз ҷангҷӯёни тоҷик ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Афғонистон рафтанд ва дар даргириҳои дохилии ин кишвар ширкат карданд.

 

Бештар бихонед:

Занги хатари ҳузури ДИИШ дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Интиқоли ҳудуди 5 ҳазор узви ДОИШ ба наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

Барчасп